Садамаи рӯзи Иди Рамазон бо ҳалокати Фахриддини 15-сола анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ дар рӯзи Иди Рамазон хабар медиҳад, ки дар пайи он ноболиғе ҳалок шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 11:40-дақиқа дар масири Кӯлоб – Душанбе сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Худойқулов Алишод Тураевичи 24 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Фахриддини Рустами 15 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ Фахриддини Рустам ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ду садамаи маргбор дар як шабонарӯз: ВКД аз ҳалокати ронанда ва пиёдагард хабар дод
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ба гузориши ин ниҳод, санаи 12-уми майи низ тахминан соати 12:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу леганзе”, Нуруллоев Раҳмоил Шамсуддиновичи 42- сола сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ховалинг, ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсоли 11 – сола Муродзода Расулро пахш кардааст.
Дар натиҷа, хурдсол Муродзода Расул, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи гузориши ВУД, ҳамзамон санаи 12-уми май дар натиҷаи бархурди “Лексус RX 350” ва “Хундай-Аванте” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як нафар ҳалоку дигаре маҷруҳ гаштааст.