Роҳи Душанбе-Чанок таъмир мешавад

Ширкати саҳомии “IRS” эълон кардааст, ки таъмири ҷорӣ ва куллии роҳи мошингарди Душанбе-Чанок оғоз ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ширкат, чанд рӯз пеш таъмири ҷорӣ ва куллии мавсими имсола дар масири мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз минтақаи Варзоб, Зарафшон ва Суғд мегузарад, шурӯъ шуд.
“Кормандони роҳи мазкур бо азми қавӣ ва омодагии ҷиддӣ ба иҷрои корҳо сар кардаанд”, - таъкид доштааст Ширкати “IRS”.
Инчунин ба иттилои манбаъ, дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо километр роҳ таьмири куллӣ шаванд.
IRS пулро куҷо мекунад, чаро алтернатива нест ва фоидаи кори ширкат: шарҳи Худоёрзода
Гуфта шудааст, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хосса аст.
“Таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳм мегузоранд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ширкати IRS, ки ҳоло муттасадии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст.