ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ озими Тошканд шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода сарварӣ мекунад, ки бештари онро намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат ташкил медиҳанд.
Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ имрӯзу фардо идома хоҳанд кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард ва дар охири мулоқотҳо имзои як қатор созишномаҳо низ дар назар аст.
Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи гузашта низ зимни мулоқоти телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот сарони кишварҳо ба ин ҷаласаи ҳукуматӣ диққати махсус доданд. Вазифаи асосии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушди" ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар давраи дарозмуддат номидиданд.