ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1517 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,7119 сомониро фурӯхта мешавад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13,7119 то 13.7500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1517 то 0.1535 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.