Никол Пашинян аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хост

Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба раиси СПАД муроҷиат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май— Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ба раиси Шӯрои СПАД, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзоёни Созмон номаҳо фиристод.
Муроҷиатномаҳо дар робита ба моддаи 2 шартномаи СПАД фиристода шудаанд.
Ин маънои онро дорад, ки таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Арманистон ҳамчун як кишвари узви СПАД вуҷуд дорад.
Раҳбари Арманистон Никол Пашинян истеъфо дод
Қайд мешавад, ки сарвазир аз вазъ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон нигарон аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, вазъ дар минтақаи Сюник дар марз шадид шудааст.
Тибқи муқаррароти СПАД, пас аз муроҷиат, кишварҳои узви созмон бояд машваратҳо доир кунанд, то барои рафъи хатари баамаломада, чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.