ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Овозхони тоҷики муқими Русия Манижа Сангин дар барномаи "Меҳмони вижа" -и Тина Канделаки мавзӯи нажодпарастиро матраҳ кард ва паёми суруди "Russian Woman" -ро шарҳ дод.
Сароянда гуфт ӯ бовар дорад, ки одамон 100% хуб ё бад шуда наметавонанд.
"Одамон аксар вақт рафторҳои шубҳанок доранд, на барои он ки онҳо баданд. Танҳо мо баъзе чизҳоро нафаҳмем ва баъдан нодуруст рафтор мекунем", - гуфт Манижа.
Вай афзуд, вақте ки инсон ин қолибҳоро аз сар мегузаронад, вазъ тағйир меёбад.
"Барои мо шумораи ками одамон намуна шуда метавонанд, эҳтимолан аз ин рӯ мо ба вокуниши шадид ба бархе аз маълумоти номаълум майл дорем. Мо метарсем, ки аблаҳ намоем. Вақте, шахс метарсад, ки заъфи худро нишон диҳад, вай худро бо қаҳр муҳофизат мекунад. Ман намедонам, ки чӣ гуна ин тарс ба вуҷуд меояд", - гуфт Манижа.
Манижа афзуд, ки сохтани як фотороботи зани рус номумкин аст.
"Агар мо ба муҳити атроф назар афканем, мо мефаҳмем, ки он ба қадри имкон сермиллат аст. Садои рус ва зани рус чизи бисёрҷабҳа ҳастанд ва инро бо як портрет муайян кардан мумкин нест", - хулоса кард сароянда.
Манижа Сангин дар Евровидение
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд.
Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.