"Лозим шавад ҷанг мекунам": чаро як муроҷиати Юлдуз ба яҳудиҳо боиси ҷанҷол шуд - навор

Юлдуз Усмонова, ҳунарманди номии Ӯзбекистон дар як изҳороти эҳсосотиаш аз мардуми Фаластин ҷонибдорӣ кард ва бархе назараш боиси вокуниши тунди корбарон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Юлдуз Усмонова, ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон дар арафаи таҷлили ид навореро сабт карда, дар он дар атрофи қазияи Фаластину Исроил изҳори назар кард.
Наворе, ки хонум Юлдуз Усмонова сабт кардааст, шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.
Дар он Усмонова аз мардуми Фаластин ҷонибдорӣ карда, гуфтааст "ҳамчун масалмон мавқеашро баён карданист".
Ӯ аз ҳодисаҳое, ки дар пайи таниши Исроилу Фаластин рух медиҳанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
"Кулфатеро, ки ба сари мардуми мусалмони Фаластин рехт, мо ҳамчун мусибати худ медонем", - таъкид кардааст хонум Юлдуз.
Усмонова афзудааст, ки "чанде пеш дар арафаи ид исроилиҳо ба масҷиди Ал-Ақсо ворид шуда, авбошӣ кардаанд".
"Кӯшиш кардам, ки дар ин қазия чизе нагӯям, аммо билохир худро дошта натавонистам. Миллати Исроил, ман онҳоро давлат гуфта ҳисоб намекунам, худашон ҳам дуруст буданашро медонанд, дар чунин рӯзҳои ид ба масҷиди мусалмон даромада, чунин як авбошӣ карда, вақти ибодат онҳоро ташфиш дода, ҷангро сар карда, дарахт сӯзад хурсандӣ кардаву рақс карданд", - гуфтааст пур аз шӯр Юлдуз дар навор.
Посухи тунди Юлдуз ба Отаҷони президентшав: "аз ӯҳдаи идораи давлат намебароӣ"
Вай таъкид кардааст, ки ҳуқуқи касеро таҳқир кардан надорад, аммо "исёни ботиниашро ба Худованд изҳор доштанист".
"Мо онҳоро аҳли китоб мегӯем, ба мо мусалмонон омӯхтаанд, ки тамоми динҳоро ҳурмат кунем, аммо ҳуқуқи баён кардани исёни ботини худро дорем, ки ба Аллоҳ равон мекунем", - афзудааст вай.
Ӯ таъкид кардааст, ки "мусалмонони ҷаҳон тифоқ ҳастанд."
"Мо ҳоло наравем ҳам, агар даъват кунанд, меравем, ҳар кас як бор мемирад. Барои ҷанг агар лозим шавад, меравем. Фикр накунанд, ки мо ҳамаамон худамон бо худамон овора, агар лозим шавад, сарҷамъ мешавем", - изҳороти тунде кардааст Юлдузхонум.
Ӯ ба Худованд муроҷиат кардааст, ки "оғози фитнаро пайдо кардаву ба фитнагарҳо бало равон кунад".
Дар ҳамин маврид, Усмонова гуфтааст, ки ин муроҷиаташ ба тамоми яҳудиён дахл надорад ва ӯ низ шоҳид шудааст, ки аз ҷониби онҳо низ "бархе гапҳои хуб гуфта шуд, ки ба дигарон ибрат гардид".
"Агар касе тинҷии касеро шиканад, Аллоҳ тинҷии ӯро якҷо бо авлодҳояш шиканад. Ман ҳамаи яҳудиёнро намегӯям, диндорҳои яҳудиён ҳам хело боақланд, мо гапҳои нагуфтаро онҳо гуфта истодаанд, Офараинашон. Онҳо барои мо ҳатто иборат шуданд", - таъкид кардааст вай.
Худованд ба онҳо (фаластиниҳо - идора) сабр диҳад, Ал-Ақсо яке аз маконҳо муқаддаси мост, исрорилиҳо донанд, ки тамоми дуои бади ҷаҳони ислом бо онҳост ва Худованд тамоми балое, ки ҳаст ба сари бадхоҳони исроилӣ бирезад ва мо ҳам бинем", - тунд гуфтааст Юлдуз Усмонова.
Ин изҳороти ҳунарманд боиси вокуниши зиёди чӣ сокинони Ӯзбекистон ва чӣ яҳудитаборҳо гаштааст.
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки роҳи ҳунарманд дигар асту роҳи сиёсат дигар ва "беҳтар мебуд, агар Усмонова дар ин маврид изҳори назар намекард".
"Маро дар ин моҳи муборак бубахшед": узрхоҳии Юлдуз пас аз моҷаро бо кормандони милитсия
Бархеи дигар таъкид кардаанд, ки "Юлдуз Усмонова ҳуқуқи аз номи дигарон гап заданро надошт ва ин изҳороташ даъват ба ҷанг аст".
Нафароне низ пайдо шудаанд, ки гуфтааст, "Усмонова мавқеашро ҳамчун зани мусалмон баён кардааст".
Дар ҳамин ҳол, бархе сокинони Исроил низ аз ин гуфтаҳои Юлдуз сахт нигарон шудаанд. Корбаре, ки худро сокини Исроил гуфтааст, аз консертҳои баргузоркардаи хонум Усмонова дар Исроил ёдрас шудааст.
"Дар бораи давлати Исроил аз шумо шунидани ин гуна чизҳои нохуш барои ман хеле душвор буд. Умедворам, ки шумо чӣ гуфтаатонро мефаҳмед. Ман зиёда аз як консерти шуморо дар давлати Исроил ташкил кардаам ва шумо ҳамеша мегуфтед, ки яҳудиёни бухориро хеле дӯст медоред ва ҳамеша шуморо дар сатҳи олӣ гарму меҳрубонона пазируфтанд. Умедворам, ки ҳар он чизе ки шумо гуфтед, танҳо барои ҷалби диққати худ гуфта шудааст, аммо акнун шумо бояд аз он шахсоне, ки ранҷонидед, аз ҷумла ман, узр пурсед", - таъкид кардааст вай.
Ин изҳороти корбари Фейсбук боиси баҳси доманадори бархе корбарон аз Ӯзбекистон, яҳудиёни Бухоро ва дигарон гаштааст.
Аммо чанд нафар даъват кардаанд, ки "беҳтарин роҳ сулҳ ва созиш аст ва ҷанг ҷуз харобӣ чизе намеорад".
Чунончӣ "Мо ҳамчун кишвари севум бояд ҷонибдори сулҳ бошем". - менависад Элвирка Содиқова ном корбари Фейсбук.
"Миллати баде нест! Одамони бад ҳастанд! Шояд Юлдуз ба чунин нафарони бад муроҷиат карда бошад. Суханони ӯро ба дил нагиред! Ман дар симои шумо шахси бадро намебинам. Дида мешавад, ки шумо инчунин мехоҳед, ки сулҳ дар рӯи замин ҳукмронӣ кунад ва ҳамаи халқҳо дӯст бошанд! Агар ҳамаи мо дӯст шавем ва якдигар ва динро эҳтиром кунем. Пас, ҳама чиз хуб хоҳад буд! Биёед тинҷ зиндагӣ кунем! Ин заминҳо аз гузаштагони мо боқӣ мондаанд ва аз мо боқӣ хоҳад монд", - менависад Диляра Бекманова.

Муноқиша байни Фаластин ва Исроил

Дар задухӯрдҳо дар Байтулмуқаддас садҳо фаластинӣ ва беш аз 20 корманди полиси Исроил маҷрӯҳ шуданд.
Охирин хуруҷи хушунат пас аз як моҳи афзоиши ташаннуҷ рух дод, ҳарчанд муноқишаи Исроил ва Фаластин даҳсолаҳо боз идома дорад.
Ҳазорҳо мушак ва даҳҳо қурбонӣ: дар Исроил ва Фаластин чӣ мегузарад— видео
Як қатор масъалаҳо мавҷуданд, ки Исроил ва Фаластин бо онҳо мувофиқат карда наметавонанд.
Аз ҷумла тақдири гурезаҳои фаластинӣ, тахриб шудан ё мондани манзилҳои яҳудиён дар соҳили ғарбии ишғолшуда, тақсими Байтулмуқаддас ва ғайраҳо мебошад.
Ҳарду ҷониб доим якдигарро муттаҳам мекунанд ва музокироти сулҳ тӯли 25 сол аст, ки идома дорад, баъзан қатъ мешавад, аммо то ҳол танишро наметавонанд ҳал кунанд.