Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронгариву болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз идомаи борону обхезиҳо сокинони кишварро ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.
“Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери об мондани соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад”,- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон дархост кардааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд.
КҲФ ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои обро дар ин гуна рӯзҳои пурбориш тавсия намедиҳад.
"Сел омад - фирор кунед": 10 тавсияи КҲФ барои наҷоти ҷони худ аз сел
“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд”,- таъкид кардааст КҲФ.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.