Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Шабакаи аввал пеш аз Евровидение - 2021 дар бораи Манижа филм намоиш медиҳад

Шабакаи аввали телевизиони Русия аз намоиши филм дар бораи Манижа, ки Русиярро дар Евросидение - 2021 муаррифӣ мекунад, хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Шабакаи аввал дар бораи Манижа - намояндаи Русия дар Евровидение - 2021, таҳти унвони "Как пройти по полю, если ты одна", хабар медиҳад хадамоти матбуотии телевизион.
Қайд мешавад, ки нахустнамоиши филм рӯзи 16 май баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, 8 марти соли ҷорӣ, овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа аз рӯи натиҷаи овоздиҳии шунавандагон дар даври интихоби миллӣ дар пахши мустақими Шабакаи аввали Русия пирӯз омад.
Тамошобинон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: баъзеҳо ӯро гений меҳисобанд, бархеҳо шадидан интиқод мекунанд.
"Барои қисми назарраси аҳолии калонсол, ин асрор шуд: Манижа кист? Вай аз куҷо омадааст ва чаро ӯ сазовори намояндагӣ кардан аз Русия дар маъруфтарин мусобиқаи мусиқии Урупо шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Дар филм модари Манижа, Надежда Усмонова, инчунин Дима Билан, Полина Гагарина, Дина Гарипова, Филипп Киркоров, Юрий Аксюта, Чулпан Хаматова ва дигарон иштирок мекунанд. Муаллифи сенария - Алёна Пернатская, коргардон - Андрей Сапронов.

Манижа Сангин дар Евровидение

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Роттердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд.
Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
"Мо ҳама ашк мерезем": Манижа дар бораи ҳуҷум ба мактаб дар Қазон
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.