ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Марҳилаи аввали Ҷоми АФК – 2021 дар гуруҳи “F” 14 май дар майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои ягона роҳхат ба даври баъдӣ тимҳои машҳури Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон зӯрозмоӣ мекунанд.
Аз Тоҷикистон ноиби чемпиони кишвар - тими “Хуҷанд”, аз Ӯзбекистон барандаи медали нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ - “Насаф”, қаҳрамони Туркманистон “Алтин Асир” ва барандаи Ҷоми Қирғизистон – тими “Алай” барои ягона роҳхат ба даври баъдӣ талош мекунанд.
Марҳилаи гуруҳӣ тариқи даврӣ сурат мегирад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо тими пирӯз роҳ меёбад.
Дар марҳилаи аввал, шоми 14 май тими “Насаф” аз Қаршӣ ва “Алай” аз Ош майдондорӣ мекунанд. Баъдан соати 21:05 вохӯрии тими туркмании “Алтин Асир” ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон оғоз меёбад.
Дар даври дуюм, 17 май, соати 17:00 тими “Алай” бо “Алтин Асир” ва соати 21:05 “Хуҷанд” бо “Насаф” вориди рақобат мешаванд.
Даври сеюм соати 17:00 – и 20 май бо рақобати “Насаф” ва “Алтин Асир” оғоз шуда, бо зӯрозмоии “Насаф” ва “Хуҷанд” анҷом меёбад.