ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Ба дунболи ирсол шудани номаи тасаллият аз номи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Афғонистон бинобар террор дар мактаби Кобул, аҳли фарҳанги Тоҷикистон низ ин амали ваҳшиёнаро маҳкум намудааст.
Дар хабари котиботи вазорати мазкур омадааст, ки "аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар қатори мардуми мутамаддин ва сулҳпарвари ҷаҳон ин амали ваҳшиёна ва ғайриинсониро бо нафрату адовати бепоён маҳкум менамояд".
Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ ба мадрасаи духтаронаи "Сайид - уш Шуҳадо" дар ғарби шаҳри Кобул рӯзи 8 май ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа дасти кам 85 нафар кушта ва беш аз 150 нафар ҷароҳатдор гардиданд.
Тибқи ахбори расонаҳо аксари қурбониёни ин ҳодисаи нангин духтарони навраси 11 то 15 сола мебошанд. Ҳамла замоне рух додааст, ки толибилмон аз бинои мактаб ба берун мебаромаданд/