ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бар асари боришоти пайдарпайи борони сел ва аз меъёр болоравии сатҳи об дар рӯдҳои деҳоти Ашт, Ошоба, деҳаҳои Ғудос ва Пунук зиёда аз 10 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 10 пул қисман зарар диданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар иртибот ба ин, таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо дар маҳалҳои зарардида фавран ситодҳо ташкил ёфта, барои сари вақт бартараф кардани оқибатҳои сел техникаҳои зарурӣ сафарбар гардиданд.
“Дар натиҷа, барои рафтуомади бемамонияти сокинони минтақаҳо ва нақлиётҳои мусофирбар роҳи муваққатии алтернативӣ боз шуданд”, қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия ба масъулони сохторҳои марбута ва ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва босифат бартараф намудани оқибатҳои сел дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар Тоҷикистон низ боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба 9нафар расид.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шудааст.