ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эълом дошт, ки омода аст, ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмаҳаммадов барои рақобаташ бо яке аз размикорони клуби “Аҳмад” чӣ маблағе лозим бошад, пардохт намояд, иттилоъ додааст Грозний-Информ.
"Ман медонам, ки Ҳабиб – як лоиҳаи UFC аст, албатта, ӯ дар ин созмон бар ҳама пирӯз шудааст, аммо ман омодаам, ки барои ҳар маблағе лозим бошад, диҳам то ӯ ба клуби “Аҳмад” баромад кунаду размикори моро шикаст диҳад", - гуфт ӯ.
Нурмуҳаммадов 7 апрели соли 2018 бо қарори якдилонаи доварон бар Эл Яквинту размикори амрикоӣ пирӯз шуд ва дар вазни сабук қаҳрамони UFC гардид. Вай камарбанди қаҳрамонии худро дар набардҳо бо размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва размикори амрикоӣ Дастин Поре ва дар моҳи октябри соли 2020 - дар рақобат бо Ҷастин Гэтҷии амрикоӣ ҳимоя кард.
Дар охирин набард, ки бо пирӯзии Ҳабиб анҷом ёфт, ӯ аз хотимаи фаъолияти варзишияш эълон кард.
Варзишгар ба хотири ваъдае, ки ба модараш дода буд, фаъолияти худро дар ин соҳа ба поён расонд. Нурмуҳаммадов UFC-ро ҳамчун ғолиби мутлақ тарк кард: дар 29 мубориза ӯ ягон мағлубият надидааст.
Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш, ба размикори амрикоӣ Люк Рокхолд пешниҳод намуд, то мураббияш шавад ва собиқ қаҳрамонро дигарбора ба майдони набард биёрад.