Раҳмонзода дар Тошканд: оғози фаъолияти дипломатии собиқ вазир ва мушовири президент

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчун сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолияти дипломатияшро оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аввали моҳи май роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Тошканд таъин шуда буд, нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон супорид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов, нусхаҳои эътимодномаи сафири навтаъйини тоҷикро пазируфта, ӯро бо оғози фаъолият дар Ӯзбекистон табрик гуфт ва ба ӯ дар вазифаи баланду масъулиятнок бурдборӣ таманно кард.
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Мансаби нави Абдуҷаббор Раҳмонзода: сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шуд
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвари бародар, имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон босуръат рушд карда, самтҳои навро фаро мегиранд ва бо мундариҷаи амалӣ пур мешаванд.
Ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳҳои олӣ ва баланд баррасӣ карданд, инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамдигарро ба Иди Рамазон табрик карданд
Раҳмонзода Абдуҷаббор, қаблан дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Ёдовар мешавем қаблан Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомӣ буд, ки ҳамакнун муовини вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудааст.