ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба рӯйхати номзадҳои ҷоизаи сулҳи Нобел-2021 шомил карда шудааст.
Аризаи дахлдорро ба Кумитаи Нобел дар моҳи сентябри соли 2020 академик, нависанда Сергей Комков пешниҳод кардааст.
Dай хоҳиш кард, ки раҳбари Русияро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба 27 кишвар дар мубориза бо коронавирус ва тағйир додани Конститутсияи Русия дар бораи Худо мукофот диҳад.
Шумораи пешакии шахсони пешбаришуда 286 нафарро ташкил медиҳад.
Путин бори сеюм ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ мешавад.
Ҳамин тавр, бори аввал Путинро соли 2013 пешбарӣ карда буданд. Он замон лорди бритонӣ Питер Траскотт нақши бузурги Владимир Путинро дар қазияи Сурия арзёбӣ карда буд. Номзадии Путинро ҳамчунин президенти бунёди умумирусиягии маориф Сергей Комков пешниҳод кард.
Чунин пешниҳод соли 2014 аз ҷониби Академияи байналмилалии ваҳдати маънавӣ ва ҳамкорӣ сурат гирифта буд. Ин пешниҳодро аз ҷумла ҳунарманди машҳури рус вакили думаи давлатӣ Иосиф Кобзон бо имзои худ дастгирӣ намуд.
Дар баробари ин, масъалаи ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кардани Владимир Путин соли 2016 низ баррасӣ шуда буд.
Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилалӣ дар дунё шинохта шудааст.
Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.
Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.