Дар Маскав хотири Мирзо Турсунзодаро гиромӣ доштанд

Дар пойтахти Русия шоми гиромидошти хотири шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Дирӯз, 12 дар Маскав бахшида ба 110-солагии Шоири мардумӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шоми хотира баргузор шуд.
Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ зиёиён, аҳли эҷод, сардорони намояндагиҳои дипломатии муқими Русия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар чорабинӣ суханронӣ намуд.
Вечер памяти в честь 110-летия Мирзо Турсунзоде в Москве
"Замини ниёгони мо аз ибтидо яке аз марказҳои маънавиёт, ҳастаи воқеии фарҳанги пешрафта ва арзишҳои ҳаёт буд. Таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷикон низ беназир аст, ки дар тӯли асрҳо роҳи душвори ташаккулро тай намудааст. Намунаи барҷастаи он ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва нависандаи халқии асри 20-и тоҷик Мирзо Турсунзода мебошад, ки дар рушди фарҳанг ва адабиёти халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст ", - таъкид дошт сафир.
Инчунин, дар ҳамоиш намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия ширкат ва суханронӣ кардааст.
"Директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Павел Леонидович Кузмин номаи табрикии муовини вазири фарҳанги Русия Олга Сергеевна Яриловаро ба ҳозирин қироат кард", - меафзояд дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Лауреати Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, шоири рус, мутарҷим, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус Синелников Михаил Исаакович дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ сухан гуфт.
Ёде аз шоир, донишманд ва чеҳраи сиёсии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонони шом филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М.Турсунзода намоиш дода шуд.
Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар асоси мероси бойи адабии М.Турсунзода таҳия гардидааст.
Донишҷӯёни рус ашъори ӯро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд, инчунин санъаткорон сурудҳоро аз эҷодиёти ин шоири бузурги халқи тоҷик иҷро карданд.