ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, хабар медиҳад хабаргузории "Дунёи" дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Таъкид шудааст, ки дар Тошканд ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мешавад.
Ҳайати ҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода сарварӣ мекунад.
Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ ду рӯз: 14 ва 15 май идома хоҳанд кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард.
Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имрӯз низ зимни мулоқоти телефонии сарони кишварҳо баррасӣ шуданд.
Диққати махсус ба омодагии ҷаласаи дарпешистода дода мешавад. Вазифаи асосии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирони ин ҳафта дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушди" ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар дарозмуддат номид.