Ҳалокати 4 нафар тайи садамаҳои 2 рӯзи ахир дар Тоҷикистон

Танҳо 11 май дар роҳҳои Тоҷикистон 3 нафар қурбон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи садамаҳои ду рӯзи ахир 4 тан ҳалок шудаанд.
Чунончи, рӯзи 11-уми май, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳматов Ҷаъмахон Нуралиевичи 45-сола, сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат намуданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Садамаи рӯзи ид бо ҳалокати Эшонҷони 4-сола анҷомид
Дар натиҷа пиёдагард Атовуллоев Сайфулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Себистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Атовуллоев С.Н. ҷороҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:45-дақиқа, ронандаи автомашини тамғаи "Лексус RX 350", Дустмуродзода Нозимҷон Сангинмурод26-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳраки Меҳробод ба самти ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
"Дар Тоҷикистон ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Хундай-Аванте", ки таҳти идораи ронанда, Юлдошев Обидҷон Турсунқулович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бархӯрдааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи "Лексус RX 350" Дӯстмуродзода Н.С. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай Аванте", Юлдошев О.Т. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ду қурбонии дигари рӯзи 11 май дар пайи садама дар Тоҷикистон
Ҳамин тариқ, санаи 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу леганзе”, Нуруллоев Раҳмоил Шамсуддиновичи 47-сола сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ховалинг, ба самти ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
"Дар натиҷа хурдсол Муродзода Расул Муҳаммади 11-соларо, сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъро пахш намудааст", - менависад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, хурдсол Муродзода Р.М. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз низ ВКД аз садамаҳои маргбори рӯзи 11 май хабар дода буд, ки дар натиҷа ду тан ҳалок шуданд.