ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар паёме фарорасии Иди Фитрро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ дар паёме фарорасии иди шарифи Фитрро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва миллати бародар, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон табрик гуфт ва қабули тоату ибодоти ҳамагиро аз худованди манон хостор шуд.
Шабистарӣ дар паёми худ ҳамчунин бори дигар омодагии Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистонро барои кумак ба пешрафт ва тавсеаи ҳарчӣ бештари равобити мардуми байни ду кишвар эълом кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон 13 апрел рӯзи Иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.