Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси Исфара ба хонаводаҳои мотамзада фотиҳахонӣ рафт

Баҳоваддин Баҳодурзода дар нахустин рӯзи мураххас шудан аз бемористон ба аёдати хонаводаҳое рафт, ки фарзандони худро дар низои ахири марзӣ аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи аввали кории худро пас аз шифо ёфтан аз аёдати оилаҳои нафароне шурӯъ кард, ки қурбони муноқишаҳои ахири марзӣ гардиданд.
Бар хабари котиботи раиси шаҳри Исфара, Баҳодурзода аз хонаводаи 10 шаҳид боздид намуда, ба пайвандони онҳо кумакҳои моддӣ расонд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Раиси Исфара аз ҷумла ба манзили сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов дидан намуда, ба наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.
Инчунин Баҳодурзода ба хонаводаи сокини ҷамоати деҳоти Сурх, Бахтовар Маҳмудов ва сокини ҷамоати деҳоти Ворух Меҳрӯзиддин Болтаев ташриф оварда, ба пайвандони онҳо низ изҳори тасаллият кард.
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон, Баҳодурзода таъкид намудааст, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.