Озода Раҳмон маоши якмоҳаашро ба панҷгоникҳо дод: боз ҷиҳоз барои хонаи нав

Феълан барои оилаи панҷгоникҳо ҳукумати ноҳия ва вилоят манзили нав бунёд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмон маоши якмоҳаашро ба хонаводаи тифлакони панҷгоник дар ноҳияи Қубодиён ҳадя кард, хабар медиҳад Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳамчунин духтари президенти кишвар ва яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон ба ин хонавода ҷиҳози хона тақдим кардааст.
Кӯмакҳоро вазири меҳнат Ширин Амонзода ба ин хонавода расонидааст.
Се духтару ду писар: сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кард
Манбаъ менависад, Озода Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба хонаводаи панҷгоникҳо туҳфаҳои пулию молӣ тақдим кард.
Туҳфаҳои тақдимшуда аз ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ иборат мебошанд.
"Онҳо барои ҷиҳозонидани хонаи истиқоматии панҷгоникҳо, ки айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён бунёд гардида истодааст, пешбинӣ шудаанд", - афзудааст Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
1 / 4
Нахустин панҷгоникҳо дар Тоҷикистон
2 / 4
Нахустин панҷогоникҳо дар Тоҷикистон
3 / 4
Нахустин панҷгоникҳо дар Тоҷикистон
4 / 4
Сохтмони манзил барои хонаводаи панҷгоникҳо
Инчунин, либос барои панҷгоникҳову аъзои хонавода, маводи хӯрокворӣ ва ғизои кӯдакона низ ба оилаи тифлакон тақдим карда шуд.

"Ҳамзамон, маоши якмоҳаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кумаки молиявӣ ба волидони ин панҷгоникҳо расонида шуд", - афзудааст Вазорати меҳнати Тоҷикистон.

Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расида, панҷгоникҳо - Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.
Илова бар ин, мақомот нақша доранд, ки то рӯзи омодашавии хонаи нави истиқоматӣ гилему кӯрпаҳо, қандилу таҷҳизоти ошхона ва дигар ҷиҳози хонаи хоби кӯдакон дастраси оила карда шаванд.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон бори нахуст панҷгоник таваллуд шуданд.
Тифлаконро, ки 3 духтару ду писар мебошанд, модари хушбахт Дилноза Маматова ба дунё овард.
Ӯ бо шавҳараш Раҳмон Нурмуродов соҳиби ду фарзанд, яу духтару як писар буданд ва акнун волидони 7 фарзанд мебошанд.
Серфарзандтарин модари дунё дар 39 сол 38 фарзанд таваллуд кард-видео
Пештар падари хонавода аз мақомот хоҳиш карда буд, ки барояшон аз шаҳри Душанбе хона диҳанд, то дар пойтахт зиндагӣ кунад ва кор пайдо намояд.
Дертар ҳукумати Хатлон хабар дод, ки дар манзили бобоии ин хонавода як манзили сеҳуҷрагӣ ва ошхона бунёд мекунад.