Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аз масолеҳи сохтмонӣ то хӯроку ҷиҳози хона: мастчоҳиён ба Исфара кумак ирсол карданд

Ба зарардидагони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни вилояти Суғд аз тамоми манотиқи Тоҷикистон мардуми хайрхоҳ кумакҳо ирсол мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло, ки дар натиҷаи муноқишаҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон зарар дида буданд, кумак расониданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, кумаки мазкур аз 7 мошин иборат буда, онро муовини раиси ноҳия ва чанд соҳибкору сокинон ба деҳаи Хоҷаи Аъло расониданд.
Гуфта мешавад, муовини раиси ноҳия, Шавкат Солеҳиён зимни супоридани кумак ба сокинони зарардида изҳор дошт, ки дар ин рӯзҳо дар паҳлуи сокинони шаҳру деҳоти Исфара қарор доранд.
"Дар ин рӯзҳо дар канори мардуми деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, махсусан мардуми ғаюри маҳаллаҳои Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ будан барои мо, сокинони ноҳияи Мастчоҳ шарафу ифтихори бузург аст", - изҳор доштааст муовини раиси ноҳия.
Кумаке, ки аз ҷониби сокинону соҳибкорони Мастчоҳ ба деҳаи Хоҷаи Аъло расида шуд, аз масолеҳи сохтмониву хӯрокворӣ ва маводи зарурии рӯзгор ибора аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Исфара аз хароб шудани беш аз 55 хона дар муноқиаи ахири марзӣ бо Қирғизистон хабар дода буд.
Аз ҷумла 15 хона дар Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 хона дар ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 адад ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра ва ё қисман хароб шудаанд.