ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишвар аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳо дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.
Ин ниҳод ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар расондааст, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намоянд.
Бонки миллӣ зикр намудаст, ки бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон суратҳисоби махсус кушода шудааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро танҳо ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.
Бонки миллӣ рақамҳои ин суратҳисобро дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз ташкили суратҳисоби махсус Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода буд.