Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод

Кабинаи вазирони Русия ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Русия ба тарҳи ташкили Низоми муттаҳиди минтақавии мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон иҷозат дод.
Қарори мазкурро раиси Ҳукумати кишвар Михаил Мишустин имзо кард.
Гуфта мешавад, ин санад бо ВУХ Русия ва дигар ниҳодҳои марбута мувофиқа карда шудааст.
Русияву Тоҷикистон фазои ҷумҳуриро якҷоя ҳимоят мекунанд
Ташаббускори ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон Вазорати мудофиаи Русия мебошад. Лоиҳа пешакӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон коркард шуда буд.
Созишнома барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин ирсол карда шудааст.
Мушаххас шудааст, ки ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои низоми муштараки дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.
Ҳайати шахсиро фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад ва фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоъи зидди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалҳои муштараки нерӯҳоро дар ҳудуди минтақаи амнияти дастаҷамъӣ роҳбарӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоъиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳия ва тасдиқ кардаанд.
Созишнома ҷузъи системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ хоҳад шуд.