ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ аз кумаки рамазонии Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниёзманд дар вилоят хабар дода, сарчашмаи даромадашро соҳибкорӣ арзёбӣ кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, аз ҷониби соҳибкори ҷавони шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниëзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас гардид.
Манбаъ афзуд, ин иқдом дар ҳошияи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳри дастгирии афроди камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр сурат гирифт.
"Кумак аз қабили картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниёзманди вилоят мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак намудан ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос намудаст.
Ёдрас мешавем, ки пештар набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонда буд.
Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии Президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 21 сол дошта, тайи моҳҳои охир аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.
Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд ва набераи Президент низ худро дар саҳифаи расмиаш дар инстаграм соҳибкор муаррифӣ мекунад.