Замон ва макони чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс маълум шуд

Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ – AIBA замон ва макони баргузории қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс миёни мардонро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон - соли 2021 дар Белгради Сербия аз 26 октябр то 6 ноябр баргузор мешавад, хабар додааст сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ - AIBA.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз муайян шудани санаи ЧҶ-2021 президенти AIBA Умар Кремлев хост, ки бокс новобаста ба вазъи душвор дар робита ба COVID-19 бояд рушд кунад.
“Мо бояд дар ин давраи мушкил муттаҳид шавем ва ба варзишгаронамон имкон фароҳам орем, ки дар сатҳи олӣ сабқат кунанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон азми қавии моро нишон медиҳад, ки ба муштзанҳои тамоми ҷаҳон платформаро барои расидан ба иқтидори пурраи худ фароҳам орем”, - таъкид намудааст Кремлев.
Муштзан пас аз нокаут "пирӯз" шуд : видеои рақобати аҷиб
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки бо назардошти татбиқи бомуваффақияти чораҳои мубориза бо COVID-19 дар давоми сол мусобиқа бехатар баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи президенти AIBA, пешрафте, ки ин созмон дар самти ислоҳот ба даст овардааст ва идома хоҳад дод, дар Чемпионати ҷаҳон аён хоҳад буд.
“Мо ба баланд бардоштани шаффофияти варзиш ва инчунин мудирият диққат медиҳем. Мо аллакай пас аз ҳар як давр ҳисобкунии кушодро амалӣ кардем ва ин танҳо ибтидост. Мо қоидаҳои худро ба манфиати муштзанҳо тағйир медиҳем ва инчунин барои тамошобин ҳама чизро равшантар мекунем. Чемпионати ҷаҳон ҷашни воқеии бокс хоҳад буд”, - изҳори боварӣ намудаст Кремлев.
Маврид ба зикр аст, ки чемпионати ҷаҳонии қаблӣ оид ба бокс миёни мардон соли 2019 дар Екатеринбурги Россия доир гашта буд.