ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар дуввумин "Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи марказӣ ва Чин" ба Пекин сафар мекунад.
Бино бар иттилои хабаргузории “Синхуа” роҳбари ВУХ Чин бо вазирони хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузории “Форс”, Сироҷиддин Муҳриддин, дар чорчӯби ин сафари дурӯза ҳамроҳ бо ҳамтоёни чинӣ, қаззоқ, қирғиз, узбек ва туркмани худ дар дуввумин даври нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар шаҳри Сиан баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Пешбинӣ мешавад дар ин нишаст дар бораи мавзӯъоти муҳимме монанди тақвияти эътимоди мутақобили сиёсӣ, тарвиҷи бештари ҳамкориҳо, иҷрои тарҳҳои муштарак табодули назар шавад.
Ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва тазмини тиҷорати бевақфа, таъмиқи равобит дар заминаи таъмини амнияти минтақавӣ ва муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти модерн аз дигар масоилест, ки дар ин нишаст матраҳ хоҳад шуд.