ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, то санаи 7 май ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 дар 83 ниҳоди давлатӣ бо шумули муассисаҳои ҳифзи саломатии давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар гузаронида шудааст.
“Ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони меҳмонхонаҳо, Кумитаи телевизион ва радио ва ғайра низ воксин зада шуданд. Умуман, то (7 май) 72,8% нақшаи аввали пешбинишудаи ба ваксинзанӣ фаро гирифтани шаҳрвандон иҷро шудааст ва ин кор давом мекунад”, - таъкид доштааст вазорат.
Вазорати тандурустӣ зикр кардааст, ки то кунун бар асари ваксинаҳо ҳеҷ мавриди марг дар миёни нафарони ваксинашуда сабти ном нашудааст.
“Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали ворид шудани ваксина ба кишвар овозаҳо зиёд буданд, аммо таҷриба нишон дод, ки ҳонҳо асоси воқеӣ надоранд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ба Тоҷикистон тибқи барномаи COVAX бояд ба Тоҷикистон 732 ҳазор воя воксини AstraZeneca ворид карда шавад. То ин дам танҳо 192 дазор ворид гаридааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ваксина ройгон ва ихтиёрӣ аст. Ваксинагирии Astra-Zeneca бо фосилаи ду моҳ гирифта мешавад.