Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ду оилаи эҳтиёҷманд, ки солҳо аз бехонагӣ ранҷ мебурданд, манзилҳои истиқоматӣ тақдим кард.
Бино ба иттилои манбаъ, тақдими хонаҳо аз Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед оғоз шудааст, ки аллакай хонаҳояшонро гирифтанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ваъда додааст, ки барои дастгирии ашхоси ниёзманд тақдими хонаҳоро идома хоҳанд дод.
“Хонаҳои истиқоматӣ аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд буда, дорои тамоми шароити лозимӣ аст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ миннатдории самимии худро баён доштанд.