ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули мактаби ронандагии "Самсун" хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам дониста мешаад.
Ба иттилои манбаъ, ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ ҷонишини директори мактаби мазкур Я.Д.Б. даст задааст.
"Номбурда моҳҳои октябр - ноябри соли гузашта аз корафтода "А" барои ба номи писара омода кардани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ, 4650 сомонӣ талаб карда гирифтааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, номбурда ҳамчунин моҳи ноябри соли гузашта айнан бо ҳамин усул аз як корафтодаи дигар 4 700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати ҷонишини директори мактаби "Сайсун" бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.