ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Сиани Чин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқҳои зимни суҳбати телефонии сарони кишварҳо ҳосилшуда, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва ғайра таъкид карданд.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуда, ки дар ин мулоқот ҳамчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2021-2022 имзо гардид.