Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Путин дар робита ба ҳамла дар мактаб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикисон ба ҳамтои русиягияш дар робита ба ҳаводиси мудҳиши Қазон изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми тасаллияташ ба Владимир Путин гуфт, хабари фоҷеабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андӯҳ ва нафрати амиқи мо гардид.
"Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - омадааст дар паёми Раҳмон ба Путин.
Ҳамла ба мактаби рақами 175 дар шаҳри Қазон дасти кам 11 кушта барҷой гузошт. Ҳамларо ҷавони 19 - сола, Илназ Галяев бо як рафиқи худ аҷнҷом додааст, хабар медиҳад Телеграм- канал Mash.
Манбаъ меафзояд, дар коллеҷе, ки Галяев таҳсил мекард, аз ӯ як шахси оромтабиат ном бурданд, вале ба хотири дарсгурезии пайваста ӯро хориҷ намуданд.
Навор аз тирпаронӣ дар мактаб, боздошти силоҳбадаст ва кӯч додани хонандагон дар Қазон
"Ду рӯз пас аз ихроҷ, 28 апрел, Илназ иҷозатнома барои силоҳ гирифт. Ва имрӯз ӯ ба мактаби зодгоҳаш, ки чор сол пеш онро хатм карда буд, ҳамла кард", - менависад Telegram-канали Маш.
Зимнан, наворе ҳам пайдо шудааст, ки Галяев қабл аз ин ҳодиса бо туфангча дар кӯча гаштугузор мекард. Аз навор маълум аст, ки дар роҳ ӯ бо роҳгузаре бо аломати сарҷунбонӣ гӯё салом дода, силоҳашро нишон додааст.
Хабар дода шуд, ки ин ду ҷавон субҳи 11 май ба бинои мактаб ворид шуда, аввал посбон, сипас зани фаррошро паронданд ва баъд аз он ба парондани хонандагон шурӯъ карданд. То ҳол дар бораи 11 кушта гузориш дода шудаст.