ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар паи он як ноболиғ ҷон дод.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 10-уми май, тахминан соати 12:10 рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки боиси марги ноболиғ шуд, Ваҳобов Ваҳоб Файзалиевич, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба деҳаи Суфиёни шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Суфиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Бозоров Абдулло Зайдуллоевич, ноболиғи 8-соларо пахш намудааст.
"Дар натиҷа, ноболиғ Бозоров А.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин ҳолати ҳалокати ноболиғ зери чархи мошин набуда, чанде пеш низ ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғи 5-соларо пахш кард, ки дар нитиҷа кӯдак ба ҳалокат расид.