ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ду оилаи эҳтиёҷманд хонаҳои истиқоматӣ туҳфа кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Бино бар иттилои манбаъ, тақдими хонаҳо ба Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед бо мақсади таъмини иҷрои дастури Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода калиди хонаҳоро аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон супорида, иброз доштааст, ки давлат ва Ҳукумат барои дастгирии ашхоси ниёзманд мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
“Хонаҳои истиқоматӣ аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд буда, дорои тамоми шароити лозимӣ аст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ва рохбарияти вилоят миннатдории самимии худро баён доштанд.