ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодааст, дар ҳалли низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон кумак кунад.
"Мо пешниҳод кардем, ки ҳалли мусолиматомези низоъро бо ҳар роҳе, ки имконпазир аст, дастгирӣ мекунем. Ва сарони ҳар ду давлатро ба он даъват кардем, то масъулиятро ба уҳда гиранд ва саъй кунанд, ки ин гуна ҳолатҳо дигар такрор нашаванд", - гуфт Ҳеник.
Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида он чиро, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад, пайгирӣ мекунад.
"Мо аз қаноатманд ҳастем, ки роҳбарони ҳарду кишвар созишномаи оташбасро риоя мекунанд... Вале алъон наметавон гуфт, ки вазъият комилан ҳалли худро пайдо кард. Ин чунин нест", - илова намудааст Ҳеник.
Зимнан, Ҷонатан Ҳеник ибрози умедворӣ намуд, ки ташдиди минбаъда ва талафот пешгирӣ карда шавад.
Бояд гуфт, ки қаблан кишвардори Русия, Владимир Путин низ омодагии кумак дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон иброз намуда намуд.
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.