Садамаи рӯзи ид бо ҳалокати Эшонҷони 4-сола анҷомид

Дар пайи як садама дар рӯзи Иди Ғалаба дар Тоҷикистон як кӯдаки чорсола ҳалок шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар пайи садамаи маргбор рӯзи 9 май дар Тоҷикистон як кӯдаки 4-сола ҳалок шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, шоми ҳамон рӯз, тахминан соати 19:20 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саъдуллоев Баҳромҷон Фатҳиддиновичи 32-сола сокини ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат кардан дар киллометри 133-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Дар натиҷа автомашинаи ронанда як кӯдаки хурдсол Эшонов Эшонҷон Тӯйчиевичи 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Мутаассифона, хурдсол Эшонов Э.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.