Таркиш дар дабистони духтаронаи Кобул 53 кушта барҷой гузошт: Ғанӣ толибонро гунаҳкор кард

Расонаҳои ин кишвар қаблан аз ҳалокати 30 нафар хабар дода буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Таркиши мудҳиш дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул мунҷар ба фавти 53 нафар ва захм бардоштани 150 тани дигар гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Қаблан расонаҳои дохилӣ аз қурбон шудани 30 нафар хабар дода буданд.
Обхезии шадид дар Афғонистон: 34 нафар ҷон бохту 14 кас бенишон шуданд
Хабаргузории Tolo News менависад, нахуст мошини ҳомили маводи тарканда дар назди дабистон мунфаҷир шуд ва зимнан ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.
Ба гуфтаи яке аз муаллимони ин боргоҳ, ҳамла дар ҳоле рух дод, ки хонандагон мактабро тарк мекарданд. Аксари қурбониён духтарон буданд.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҳамлаи даҳшатборро кори дасти гурӯҳи тундхоҳи Толибон хонд, вале худи ин ҷунбиш даст доштан дар ҳамларо қатъиян рад намуда, онро маҳкум кардааст.
Зимнан, намояндагии ИА дар Афғонистон ин ҳамларо "амали номардонаи террористӣ" номид.
"Ҳадафи ҳамла қарор додани мактаби духтарона ин ҳамла ба ояндаи Афғонистон аст. Чун ҷавонон тасмим гирифтаанд, ки кишвари худро обод кунанд", - навиштааст намояндаи ИА дар Твиттер.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.