Аз дӯстӣ бо ҳамсоя то даҳшати гитлерӣ ва ҷанги дохилӣ: паёми Раҳмон ба тоҷикистониҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як паём мардуми кишварро бо 76–умин солгарди пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ шодбош гуфта, онро натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун хондаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Тоҷикистон дар ин пирӯзӣ гуфта, зикр намуд, ки беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони ҷумҳурӣ 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. Ӯ хотиррасон намудааст, ки дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним миллион нафар буд.
Яъне бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд ва аз шумораи умумии ба ҷабҳа рафтаҳо қариб 31 фоизашон барнагаштанд, изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ дар идома вазъи феълии ҷаҳонро бисёр ноором хонда, афзуд, ки он торафт мураккабу печида гардида истодааст.
"Бояд якҷоя истодагарӣ кунем": паёми Путин ба Раҳмон
“Дар натиҷаи ҷангу низоъҳои мусаллаҳонае, ки баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар минтақаву кишварҳои гуногуни сайёра рух доданд ва баъзеи онҳо то ҳанӯз идома доранд, шумораи ҳалокшудагон ва зарардидагон аз давраи солҳои 1941 – 1945 гузаштааст”, - омадааст дар паёми Раҳмон.
Вай афзуд, мардуми Тоҷикистон, ки бори дуюм ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро диданд, ба қадри сулҳ, оромӣ ва суботи сиёсӣ мерасанд.
“Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳо ва пеш аз ҳама, бо мардумони минтақа ва ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.