ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Ҳамоиш барои рушди иқтисодии минтақавӣ бо иштироки Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Хамед Форёбӣ, вазири иқтисоди Афғонистон ва шарикони рушд дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим изҳор дошт, ки бо дастгирии шарикони рушд, Бунёди Оқохон сохтмони пул ҳафтум ба Афғонистонро дар мавзеи Кокули ноҳия Фархор ва Ойхонуми вилояти Тахор оғоз мекунад.
“Мақсад аз сохтмони пулҳои байни ду кишвар ин таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон, табодули беҳтарин дастовардҳои тарафҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад”, - таъкид кардааст Азим Иброҳим.
Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди истифода қарор доранд.
Дарозии пули ҳафтум дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.