ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия роҳбарон ва шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шодбош гуфт, хабар дод котиботи Кремл.
"Имрӯз қарзи маънавиямон мебошад, ки хотираи он солҳои мушкилро ҳифз кунему ба наслҳои оянда боқӣ гузорем", - гуфта шудааст дар паём ба роҳбарон.
Путин инчунин ба муборизаи якҷоя бо таҳрифсозии таърих даъват кардааст.
"Мо бояд якҷоя қотеона алайҳи талошҳо барои таҳрифу тақаллубкории таърих, бозбинии натиҷаҳои ҶБВ истодагарӣ кунем", - таъкид кардааст Путин. Ӯ афзудааст, ки набояд роҳ дод, то аъмоли фашистон сафед карда шавад.
Раисиҷумҳури Русия инчунин миннатдорияшро ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ ва меҳнаткашони ақибгоҳ баён доштааст.
Ин паём дар ҳолест, ки Эмомалӣ Рамҳон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 май озими Маскав шуда, мулоқоташ бо Путин дар назар аст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон 9 май якҷоя бо дигар роҳбарони даъватшуда дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Майдони Сурх иштирок хоҳад кард.