ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Қайд карда шудааст, ки бунёди зеристгоҳи барқӣ метавонад барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Кӯлоб” ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор гузорад.
Тибқи дафтари матбуоти МОИ “Кӯлоб” дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурият як гектар замин ҷудо гардидааст.
Гуфта шудааст, ки ин тадбир дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки вобаста ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” оид ба корҳои анҷомёфта дар самти иҷрои корҳои сохтмонӣ, нақшаҳои дар пеш истода ва ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сармоягузорону соҳибкорон ва вохӯриҳо масъалаи таъминот бо неруи барқ ҳамчун масъалаи мубрам матраҳ мегардад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни боздид иброз доштааст, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар” ба маблағи умумии 35 миллион евро ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он бунёди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноияшон 2х25000 кВА пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода мешавад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори соҳа дастур дод, ки барои зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тадбирҳои иловагии таъхирнопазир андешанд.