Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон бо муовини вазири нафт

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Эрон Амирҳусайн Замониниё мулоқот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ин дидор ба хотири омодагиҳо барои ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки Тоҷикистон Эрон будааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар.
"Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд",-таъкид доштааст вазорати хориҷа.
Тоҷикистону Эрон омодаанд ҳамкориҳоро густариш диҳанд
Равобити Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир ба сардӣ гароида буд, ки акнун дар равобити ин ду кишвар гардишҳои нав сурат мегирад.
Чанде пеш вазири дофи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон рафта буд, ки дар дидор бо ҳамтои эронияш аз ташкили як Кумитаи муштараки дифоӣ хабар доданд.