ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон ба ин суратҳисоби махсус ҳар шаҳрванд ва нафарони хайрхоҳ метавонанд ба ба зарардидагони муноқишаҳои Ворухи шаҳри Исфара кумаки молӣ расонанд.
“Ба таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар расонида мешавад, ки барои кумак расонидан ба зарардидагони муноқишаҳои Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби давлат суратҳисоби махсус кушода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ба ин суратҳисоб маблағ равон кунанд”, - таъкид доштааст ВКД.
Ҳамзамон манбаъ илолва кардааст, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст.
ВКД Тоҷикистон аз тамоми мардум хоҳиш кардааст, ки ба он суратҳисобҳо бовар накунанд ва фирефтаи чунин гуруҳҳо нашаванд!
Бояд қайд кард, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дастур дод, ки зарардидагони муноқишаҳои марзӣ 10-20 ҳазор сомонӣ (800-1700 доллар) кумакпулӣ диҳанд.
Мақомот аллакай ба 87 нафар кумаки молиявӣ супурд, ки ҳоло онҳо дар беморхонаҳои Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табобат мегиранд.
Ғайр аз ин, ба оилаҳои 19 қурбонии муноқиша ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ (ҳар кадом 6,2 ҳазор доллар) пардохт карда шуд.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.