Сарвазир фотиҳахонӣ рафт: Расулзода ба волидони Маҳмадуллои ҷавонмарг раҳмат гуфт - акс

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба хонаи марзбони ҷонбохта дар сарҳад бо Қирғизистон фотиҳахонӣ рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон ва раиси Хатлон дар ноҳияи Муъминобод ба аёдати волидони Маҳмадулло Раҷабализода, марзбони дар сарҳад бо Қирғизистон ҷонбохта, рафтанд.
Расулзода ба падари хонавода ва ақрабои марзбони марҳум таслият баён кард, барои тарбияи чунин фарзанди диловару бебок ва содиқ ба халқу Ватан миннатдорӣ баён намуд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Маҳмадуллои 26-сола, зодаи ноҳияи Муъминобод, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо интизоми намунавӣ ба ҳайси фармондеҳ адои вазифа мекард. Ӯ 29 апрели соли 2021 дар роҳи дифоъ аз Меҳан ҷон дод, таъкид кардааст манбаъ.
Муҳаммадулло, ҷавони кушташуда дар марз
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баёни таъзия, ваъда додааст, ки хонаводаи ин ҷавон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифта, барояшон кумакҳои имконпазир расонида мешаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Маҳмадулло ният дошт, баъди моҳи шарифи Рамазон тӯйи хонадоршавияшро барпо кунад.
Тоҷикистон ба маҷруҳон дар марз аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод - акс
"Дар ин умри кӯтоҳи ҷавонӣ ӯ ҳоло ҳеҷ чизро надида буд, ҳатто ба орзӯҳои ҷавонии хеш нарасида буд. Бо духтаре нияти оиладоршавӣ доштааст ва падару модар барояш духтари нағздидаашро фотеҳа карда буданд", - иттилоъ дода буданд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ин марзбон.
Маҳмадулло яке аз 19 тоҷикистонии ҷонбохта дар пайи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон мебошад.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.