ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон аллакай дар вилояти Бодканд қарор дорад, хабар додааст, хадамоти матбуотияш.
Ба иттилои манбаъ, Ҷабборов зимни сафари корӣ ба вилояти Бодканд аз деҳаҳои наздимарзӣ дидан хоҳад кард, ки иншооти иҷтимоии онҳо ҳангоми муноқишаи ахири марзӣ хароб шудаанд. Интизор меравад, ки Ҷабборов бо аҳолии маҳаллӣ мулоқот кунад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 50 нафарро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон феълан омори пурраи қурбониёни ин даргирии марзиро ифшо накардааст, бино бар маълумоти дарёфтӣ аз Тоҷикистон дар ин муноқиша дасти кам 20 нафар қурбон шуданд, ки 11 нафари онҳоро низомиён ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуаяйян мебошад.