ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 май дар чорабиниҳои идона дар Боғи Ғалабаи Душанбе ва 9 май дар тантанаҳои бахшида ба Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав ширкат меварзад, хабар додааст “Авесто”.
Манбаъ аз қавли Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе афзуд, ки дар иди Ғалаба дар Душанбе иштироки чор нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.
“Дар ҷашн ба ифтихори Ғалаба сафирони давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Маросими гузоштани гулчанбарҳо баргузор мешавад. Дар боғи Ғалаба низ гузашти низомӣ баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.