ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Тоҷикистон мошинҳои ҳангоми муноқиша рабудашударо ба Қирғизистон баргардонд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадоти Қирғизистон
"Тавассути гузаргоҳи Кулунду-автодорожний, ҷониби Тоҷикистон ду мошини "Hyundai" ва "Жигули" -ро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қирғизистон рабуда буданд, супурд", - гуфт сухангӯи маркази матбуот.
Ба гуфтаи вай, то соати 8.30 ба вақти Маскав вазъ дар манотиқи назди марзии Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил аст.
Низоъ миёни сокинони маҳаллии минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мубаддал гашт.
Бар асари даргириҳо тақрибан 50 нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Илова бар ин, беш аз 300 хона ва иншооти инфрасохторӣ хароб ё сӯзонда шуданд.
Шоми 29 апрел ҷонибҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расиданд, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ боз сурат гирифт.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, оташбасро нахуст марзбонони Қирғизистон лағв намуданд. Аммо Қирғизистон бошад, марзбонони тоҷикро дар кушодани оташ муттаҳам намуданд.
Боз як сулҳи дигар баъд аз зӯҳри 30 апрел ба даст омад ва то ҳол вазъият ором арзёбӣ мешавад.