Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Расулзодаву раиси Хатлон дар Фархор ба аёдати оилаи афсари ҳалокшуда рафтанд

Қоҳир Расулзода, зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафтаааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон сарвазири Тоҷикистон ба волидайни афсари марҳум аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъзия баён кардааст.
"Фарзанди Шумо ҳомии аслии марзу бум ва сарсупурдаи Ватан буд. Халқу Ватан дар симои маҳз чунин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ҳомиён ва такягоҳи худро мебинанд. Фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ қаҳрамонии ӯву ҳамхизматонашро фаромӯш нахоҳад кард", - қайд кардааст Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо модари афсар.
Сарвазири мамлакат ба аҳли ин хонавода барои тарбияи фарзанди диловар изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни арзи таслияту ҳамдардии амиқ ба волидону пайвандони марҳум гуфтааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди манзили зист бо таъмини тамоми шароити муносиб барои фарзандони хурдсоли афсар Сафархуҷаи Акбарзод иқдом кардааст.
Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид,
Ёдовар мешавем, ки субҳи 1-уми май ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзоди 31-сола, зодаи ноҳияи Фархор, ба хок супурда шуд.
Марҳум дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид.