ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Интизор меравад, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон мулоқот доир кунад, хабар медиҳад котиботи роҳбари давлати Русия.
Бар хабари манбаъ, мулоқоти сарони Тоҷикистону Русия аллакай рӯзи 8 май дар Маскав доир мегардад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар идомаи ин хабар таъйид намудааст, ки масъалаи калидии мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон таниши ахири марзӣ хоҳад буд.
Дмитрий Песков илова намуд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин мулоқоти ӯ бо Владимир Путин ҳанӯз қабл аз рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, муайян гардид, ки кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар гузашти низомӣ иштирок намекунад.
Қаблан манобеи РИА Новости хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми чорабинӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ озими Русия мешавад.
Кишвардори Тоҷикистон соли гузашта низ дар гузашти низомӣ бахшида ба 75 - умин согарди Рӯзи Ғалаба иштирок карда буд.
Соли пеш, бинобар пандемияи коронавирус Рӯзи Ғалаба на 9 май, балки 24 июн баргузор гардида буд.