ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ имрӯз, 5 май, аз оилаҳое, ки фарзандони худро бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар марз аз даст доданд, боздид намуда аз номи кишвардори Тоҷикистон ба ҳар як хонавода 70 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ расониданд.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Суғд, Аҳмадзода ва Раҳмоналӣ ба хонаводаҳои мотамзада изҳори тасаллият намуданд.
Гуфта мешавад, раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ба манзили шахсони марҳум, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори тасаллият намуданд.
Аснои мулоқот бо пайвандони ҷавонони марҳум зикр гардид, ки фарзандони шаҳиди онҳо абадан дар сафҳаи таърихи миллат сабт гардиданд.
Илова бар ин, Аҳмадзода ваъда дод, ки фарзандони шаҳидон минбаъд зери қаноти Ҳукумати давлат қарор мегиранд.
Аз ҷумла то синни балоғат расидан ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад ва пас аз хатми мактаби миёна онҳо бо квотаҳо дар муассисаҳои олӣ ба идомаи таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Тоҷикистон феълан омори пурраи қурбониёни ин даргирии марзиро ифшо накардааст. Бино бар маълумоти дарёфтӣ аз Тоҷикистон дар ин муноқиша дасти кам 20 нафар қурбон шуданд, ки 11 нафари онҳоро низомиён ташкил медиҳанд.